Қибла Имрӯз Ҷуз Шаҳаншаҳ Нест – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Қибла имрӯз ҷуз шаҳаншаҳ нест,
Ҳар ки ояд бадар, бигӯ: “Раҳ нест!”.
Узр гӯ в-аз баҳона огаҳ бош,
Ҳама хуфтанду як кас огаҳ нест!
Нагузорад на кӯтаҳу на дароз,
Оташе, к-ӯ дарозу кӯтаҳ нест!
Дар чаҳи табъи ту хаёлот аст,
Юсуфе бехаёл дар чаҳ нест!
Чунки гандум расиду мағз оганд,
Ҳамраҳи мосту ҳамраҳи каҳ нест!
Пора-пора кунад якоякро,
Ишқи он як, ки порае даҳ нест!
Гаҳ-гаҳе мекашанд гӯши туро
Сӯйи он оламе, ки гаҳ-гаҳ нест!
Шамси Табрез шоҳи туркон аст,
Рав ба саҳро, ки шаҳ ба хиргаҳ нест!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *