Ман Сар Нахурам Ки Сар Гарон Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ман сар нахурам, ки сар гарон аст,
Поча нахурам, ки устухон аст!
Бирён нахурам, ки ҳам зиён аст,
Ман нур хурам, ки қути ҷон аст!
Ман сар нахуҳам, ки бо кулоҳанд,
Ман зар нахуҳам, ки бозхоҳанд!
Ман хар нахуҳам, ки банди коҳанд,
Ман кабк хурам, ки сайди шоҳанд!
Боло напарам, на лаклакам ман,
Касро нагазам, ки не сагам ман!
Лангӣ накунам, на бадтакам ман,
Ки ошиқи рӯйи эбакам ман!
Туршӣ накунам, на сиркаам ман,
Пурнам нашавам, на биркаам ман!
Саркаш нашавам, ки аккаам ман,
Қониъ бизиям, ки Маккаам ман!
Дастори маро гарав ниҳодӣ,
Як кӯза мусалласам надодӣ!
Инсоф бидиҳ, авоннажодӣ,
Моро кам нест ҳеч шодӣ!
Солори диҳиву хоҷаи диҳ,
Он бода, ки гуфтайӣ, ба ман диҳ!
В-ар дафъдиҳӣ туву бурунҷаҳ,
Дар кусси занони хештан ниҳ!
Ман ишқ хурам, ки хушгувор аст,
Завқи даҳан асту нашви ҷон аст!
Хӯрдам зи сариду поча якчанд,
Аз по чи сари маро зиён аст!
З-ин пас сари поча нест моро,
Морову касе, ки аҳли хон аст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *