Ба ман бингар, ки доди фитна додам!
Зи ман магрез, зеро дарфитодӣ,
Бигӯ: “Алҳамдулиллаҳ, дарфитодам!”
Аҷаб чизест ишқу ман аҷабтар,
Ту гӯйӣ, ишқро худ ман ниҳодам!
Биё, гар ман манам, хунам бирезед,
Ки то худ ман намурдам, ман назодам!
Нагӯям сирри ту, к-он ғамз бошад,
Вале ногуфта банде баркушодам!