Намози Шом Чу Хуршед Дар Ғуруб Ояд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Намози шом чу хуршед дар ғуруб ояд,
Бибандад ин раҳи ҳис, роҳи ғайб бикшояд!
Ба пеши дар кунад арвоҳро фариштаи хоб,
Ба шеваи галабоне, ки галларо пояд!
Ба ломакон, ба суйи марғзори рӯҳонӣ
Чи шаҳрҳову чи равзоташон, ки бинмояд!
Ҳазор сурату шахси аҷиб бибинад рӯҳ,
Чу хоб нақши ҷаҳонро аз ӯ фурӯ сояд.
Ҳамора, гӯйӣ, ҷон худ муқими он ҷо буд,
На ёди ин кунаду не малолаш афзояд!
Зи бору рахт, ки ин ҷо бар он ҳамеларзид,
Дилаш чунон бираҳад, ки ғамеш нагзояд!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *