Соқӣ З-Он Май Ки Мечариданд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Соқӣ, з-он май, ки мечариданд,
Бифзой, ки ёракон расиданд!
Миҳмон бифузуд, май бияфзо
З-он хунб, ки авлиё чашиданд!
З-он май, ки зи бӯ-ш ҷумла абдол
Дар халқ падиду нопадиданд!
Ай соқии хуб, шукри Аллоҳ,
К-он рӯйи накӯтро бидиданд!
Ай оташи рахтсӯз, ушшоқ
Дар ишқи ту рахтҳо кашиданд!
Ай пардафурӯкашида, бингар,
К-аз ишқ чӣ пардаҳо дариданд!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *