То Чанд Занӣ Бар Ман З-Инкор Ту Хор Охир – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

То чанд занӣ бар ман з-инкор ту хор, охир!
Ман бо ту намегӯям, ай мурдаи пор, охир!
Монандаи абрӣ ту, ҳам музлиму беборон,
Торик макун, ай абр, як қатра биёр, охир!
Ин ҷумлаи фармонҳо аз баҳри қадар омад,
Ай ҷабрии ғофил ту аз лаззати кор, охир!
Бо кӯр касе гӯяд, к-ин ришта ба сӯзан каш?!
Бо баста касе гӯяд, к-ин ҷост шикор, охир?!
Бо тифли дурӯза кас аз шоҳиду май гӯяд?!
Ё бо назари ҳайвон аз чашми хумор, охир?!
Чун ҳеч наёбӣ ту, паҳлӯйи занон биншин,
Аз ҷумлаи ҷонбозон бигзар ба канор, охир!
Дар қудрати махдумӣ – Шамсулҳақи Табрезӣ
Ғӯте бихурӣ, бинӣ Ҳақро ба низор охир!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *