Ҷони Хароботиву Умри Баҳор – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҷони хароботиву умри баҳор,
Ҳин, ки бишуд умр чунин ҳушёр!
Ҷони ҷаҳон, ҷони маро даст гир,
Чашми ҷаҳон, ҳарфи маро гӯш дор!
Сурати дил омаду пешам нишаст
Бастасару хаставу беморвор!
Дасти маро бар сари худ мениҳод,
К-ай ба ғами дӯст маро дастёр!
Дарди сарам нест зи сафрову таб,
Аз майи ишқ аст сарам пурхумор!
Ин ҳама шева-ст, муродаш туйӣ,
Ай шакарат карда диламро шикор!
Ҷони ман аз нола чу танбӯр шуд,
Ҳоли дилам бишнав аз овози тор!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *