Шароби Талх Мехоҳам, Ки Мардафган Бувад Зӯраш,

Шароби талх мехоҳам, ки мардафган бувад зӯраш,
Ки то як дам биёсоям зи дунёву шару шӯраш.
Симоти даҳри дунпарвар надорад шаҳди осоиш,
Мазоқи ҳирсу оз, эй дил, бишӯй аз талху аз шӯраш.
Биёвар май, ки натвон шуд зи макри осмон эмин
Зи лаъби Зӯҳраи чангиву Миррихи силаҳшӯраш.
Каманди сайди Баҳромӣ бияфган, ҷоми Ҷам бардор,
Ки ман паймудам ин саҳро на Баҳром асту на гӯраш
Биё, то дар маи софит рози даҳр бинмоям,
Ба шарти он, ки нанмой ба каҷтабъони дилкӯраш.
Назар кардан ба дарвешон, мунофии бузургӣ нест,
Сулаймон бо чунон ҳашмат назарҳо буд бо мӯраш.
Камони абрӯи ҷонон намепечад сар аз Ҳофиз,
Валекин ханда меояд бад-ин бозуи безӯраш.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *