Биё, Ки Мешунавам Бӯи Ҷон Аз Он Ораз,

Биё, ки мешунавам бӯи ҷон аз он ораз,
Ки ёфтам дили худро нишон аз он ораз.
Маоние, ки зи ҳуре ба шарҳ мегӯянд,
Зи ҳусну лутф бипурс ин баён аз он ораз.
Ба гил бимонда қади сарви ноз аз он қомат,
Хиҷил шудааст гули гулситон аз он ораз.
Ба шарм монда тани ёсамин аз он гесӯ,
Ба хун нишаста дили арғавон аз он ораз.
Гирифта нофаи Чин бӯи мушк аз он гесӯ,
Гулоб ёфта бӯи ҷинон аз он ораз.
Зи меҳри рӯи ту хуршед гашта ғарқи арақ,
Низор монда маҳи осмон аз он ораз.
Зи назми дилкаши Ҳофиз чакид оби ҳаёт,
Чунон ки хун шуда, ҷоно, чакон аз он ораз.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *