Ғазали 29 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 29

Боз имшаб нафаси шуълафишон дорад шамъ, Ҳайратам сӯхт, надонам, чӣ забон дорад шамъ? Софии ойина номуси ғубори ранғ аст,

Ҷуз сиёҳӣ ба дили худ чӣ пиҳон дорад шамъ. Нест чуз бахти сияҳ зери ниғини доғам,

Ҳукм бар мамлакати шом равон дорад шамъ. Сапъати ҷуръати ибратнигаҳон ҳушрабост, Ҳалқа чашмсст, ки бар нӯғи синон дорад шамъ. Як қадам раҳ ҳама шаб то ба саҳар паймудан, Бстакаллуф, чӣ қадар забти инон дорад шамъ. То пафас ҳаст, зи дил кам нашавад ғармии ишқ, Шуъла тобсст, ки дар риштаи ҷон дорад шамъ. Зиндагӣ гармии бозори нафассӯзиҳост,

Аз қумоши пари парвона дукон дорад шамъ. Хомӯшӣ сарфаи ҷамъияти осудадилист,

Бол дар бастани минқор ниҳон дорад шамъ. Занғи ойинаи дил омадурафти пафас аст,

Аз ҳуҷуми пари парвона забон дорад шамъ. Оламс бар нафаси сӯхта чидаст дукон,

Ин қадар тор ба як мӯйи мисн дорад шамъ. Чашми ушшоқ қиёматкадаи шӯхии ӯст,

Дар лаған новаки диғар ба камон дорад шамъ. Бсдил, аз сӯхтанам ранги суроғаш дарёб,

Кист парвона, ки гӯяд чӣ нишон дорад шамъ?

РУБОИИ 29

Гар ханҷари барқ дар камар дорад шамъ,

Бо наййири аъзам чӣ ҷиғар дорад шамъ?

Чун найзаи килки ман забон бикшояд,

Аз сурмаи хомӯшӣ сипар дорад шамъ.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *