Ай Нафси Чу Саг Охир То Чанд Занӣ Дандон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай нафси чу саг, охир, то чанд занӣ дандон!
В-аз кибри касон ранҷӣ в-андар ту дусад чандон!
Гирёниву пурзаҳрӣ, бо халқ чӣ бо қаҳрӣ,
Монанди сари бирёнгашта, ки манам хандон?!
Ман сӯфии босуфам, ман омири маъруфам,
Чун шаҳна бувад он кас, к-ӯ бошад дар зиндон?!
Маъзурии худ дида, дар хеш турунҷида,
Узри дигарон хоҳад аз боби ҳунармандон!
Бар донишу ҳоли худ таъвил кунӣ Қуръон,
В-он гоҳ ҳам аз Қуръон дар халқ занӣ сандон!
Оби ҳаявон ёбӣ, гар хок шавӣ раҳро,
В-аз боду бурут ойӣ дар нор ту дарбандон!
Бигрез аз ин дарбанд, бар ҷумла ту дар дарбанд,
Ҷуз Шамси Ҳақи Табрез – султони шакарқандон!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *