Ало Ай Рӯйи Ту Сад Моҳу Маҳтоб – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ало, ай рӯйи ту сад моҳу маҳтоб,
Магӯ “Шаб гашту бегаҳ гашт, биштоб!”
Маро дар сояат, ай Каъбаи ҷон,
Ба ҳар масҷид зи хуршед аст миҳроб!
Ғалат гуфтам, ки андар масҷиди мо
Буруни дар бувад хуршед баввоб!
Аз ин ҳафт осиё мо нон наҷӯйем,
Нанӯшем об мо з – ин сабз дӯлоб!
Мусаббиб ӯст асбоби ҷаҳонро,
Чи бошад тору пуди лофи асбоб?!
Зи мастӣ дар ҳазорон чаҳ фитодем,
Бурунмон мекашад ишқаш ба қуллоб!
Чи равнақ дорад аз ту маҷлиси ҷон?!
Зиҳӣ чашму чароғу ҷони асҳоб!
Бихандад боғи дил з-он сарви муқбил,
Биҷӯшад хуни мо з-ин шохи унноб!
Футӯҳ андар футӯҳ андар футӯҳӣ,
Туйи мифтоҳу хақ фаттоҳи абвоб!
Зи нафтандози ишқи оташинат
Замину осмон ларзон чу симоб!
Бари мастонаш ояд май ба даъво,
Халақ гардад, биронандаш ба мизроб!
Хамуш кун, хатм кун, ай дил, чу дидӣ
Ки он хубӣ намегунҷад дар алқоб!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *