Бори Дигар Аз Дилу Аз Ақлу Ҷон Бархостем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бори дигар аз дилу аз ақлу ҷон бархостем,
Ёр омад дар миён, мо аз миён бархостем!
Аз фано рӯ тофтему дар бақо дарбофтем,
Бенишонро ёфтему аз нишон бархостем!
Гард аз дарё баровардему дуд аз нуҳ фалак,
Аз замону аз замину осмон бархостем!
Ҳин, ки мастон омаданду роҳро холӣ кунед,
Не, ғалат гуфтам, зи роҳу роҳбон бархостем!
Оташи ҷон сар баровард аз замини колбад,
Хост афғон аз дилу мо чун фиғон бархостем!
Кам сухан гӯему гар гӯем, кам кас пай барад,
Бода афзун кун, ки мо бо камзанон бархостем!
Ҳастияст они занону кори мардон нестист,
Шукр, к-андар нестӣ мо паҳлавон бархостем!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *