Ошиқ Ба Суйи Ошиқ Занҷир Ҳамедаррад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ошиқ ба суйи ошиқ занҷир ҳамедаррад,
Девона ҳамегардад, тадбир ҳамедаррад!
Тақсир куҷо гунҷад дар гармраве ошиқ,
К-аз оташи ишқи ӯ тақсир ҳамедаррад!
То ҳоли ҷавон чӣ – бвад, к-он оташи беъиллат
Дурроъаи тақворо бар пир ҳамедаррад!
Сад пардаи дар парда гар бошад дар чашме,
Абрӯйи камоншаклаш аз тир ҳамедаррад!
Мурғи дили ҳар ошиқ, к-аз байза бурун ояд,
Аз чангали таъҷилаш таъхир ҳамедаррад!
Ин олам чун қир аст – пойи ҳама бигрифта,
Чун оташи ишқ ояд, ин қир ҳамедаррад!
Шамсулҳақи Табрезӣ ҳам хусраву ҳам мир аст,
Пероҳани ҳар сабре з – он мир ҳамедаррад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *