Эй рафиқ, ин чархи гардун чархаи обӣ набуд!

Эй рафиқ, ин чархи гардун чархаи обӣ набуд!
Он ҳақиқатро, ки меҷуӣ, намеёбӣ, набуд!

Дурбинатро ба самти ман намудӣ, оҳ, оҳ
Чеҳраи шод аз мани ғамгин агар кобӣ, набуд.

Ҳастиамро, бин, ба пеши нестӣ овардаям.,
Пушти шоми тираи ман акси маҳтобе набуд.

Сарнавиштам аз гиреҳи нохушӣ озод шуд,
Хотироти талхи ман чизе ба ҷуз хобе набуд!

Дар миёни вожаҳои шеъри ман сардаргумӣ,
Оре, оре, дард буду мисраи нобе набуд.

Шоира, дар зеҳни ту як олами афсона монд,
Он ҳақиқатро, ки меҷӯӣ намеёбӣ, набуд! Sh.R.

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *