Чунин сангиндилу саркаш чароӣ.
Ба як бор аз ҷаҳон дил дар ту бастам,
Надонистам, ки паймонам напоӣ.
Шаби торик ҳиҷронам бифарсуд,
Яке аздар дарой. эй рӯшноӣ.
Саре дорам муҳайё бар кафи даст,
Ки дар поят фишонам чун дароӣ.
Хатои маҳз бошад бо ту гуфтан
Ҳадиси ҳусни хубони хитой.
Нигоре сахт маҳбубихо матбӯъ,
Валекин сустмеҳру бевафоӣ.
Дило, гар ошиқӣ, доим бар он бош,
Ки сахтӣ биниву ҷаврозмоӣ.
В-агар тоқат надорӣ ҷаври махдум,
Бирав Саъдӣ, ки хидматро нашоӣ.