То дигар бор кӣ бинад, ки ба мо пайванданд?
Хайлтошони ҷафокору муҳиббони малул,
Хаймаро ҳамчу дил аз сӯҳбати мо баркандаид.
Он ҳама ишва, ки дар пеш ниҳоданду ғурур,
Оқибат рӯзи ҷудоӣ паси пушт афканданд.
Тамаъ аз дӯст на ин буду таваққӯъ на чунин,
Макун, эй дӯст, ки аз дӯст ҷафо напсанданд!
Мо ҳамонему, ки будему муҳаббат боқист,
Тарки сӯҳбат накунад дил, ки ба меҳр оганданд.
Айби шириндаҳанон нест, ки хун мерезанд,
Ҷурми сохибназарон аст, ки дил мебанданд.
Марази ишқ на дардеет, ки мешояд гуфт,
Бо табибон, ки дар ин боб на донишманданд.
Сорбон, рахт манеҳ бар шутуру бор мабанд,
Ки дар ин марҳала бечора асире чанданд!
Табъ хурсанд намебошаду бас менакунад,
Мехри онон, ки ба нодидани мо хурсанданд.
Маҷлиси дӯст, ки бе нолаи Саъдӣ хуш нест,
Шамъ мегиряду наззорагиён механданд.