Сазад, агар ҳамаи дилбарон диҳандат боҷ,
Ду чашми шӯхи ту бар ҳам зада Хитову Ҳабаш,
Ба чини зулфи ту Мочину Ҳинд дода хироҷ.
Баёзи рӯи ту равшан зи орази рухи рӯз,
Саводи зулфи сиёҳи ту ҳаст зулмати доҷ.
Даҳони шаҳди ту дода ривоҷи оби Хизир,
Лаби чу қанди ту бурд аз наботи Миср, ривоҷ.
Аз ин мараз ба ҳақиқат шифо нахоҳам ёфт,
Ки аз ту дарди дил, эй ҷон, намерасад ба илоҷ.
Чаро ҳамешиканӣ, ҷони ман, зи сангдилӣ
Дили заиф, ки бошад ба нозукӣ чу зуҷоҷ?
Лаби ту Хизру даҳони ту обӣ ҳайвон аст,
Қади ту сарву миён мӯву бар ба ҳайати оҷ.
Фитод дар сари Ҳофиз ҳавои чун ту шаҳе,
Камина зарраи хоки дари ту будӣ коҷ.