Соқӣ Ар Бода Аз Ин Даст Ба Ҷом Андозад,

Соқӣ ар бода аз ин даст ба ҷом андозад,
Орифонро ҳама дар шурби мудом андозад.
В-ар чунин зери хами зулф ниҳад донаи хол,
Эй басо мурғи хирадро, ки ба дом андозад.
Эй хушо давлати он маст, ки дар пои ҳариф.
Сару дастор, надонад, ки кадом андозад?
Зоҳиди хом, ки инкори маю ҷом кунад,
Пухта гардад, чу назар бар маи хом андозад.
Рӯз дар касби ҳунар кӯш, ки май хӯрдани рӯз
Дили чун оина дар занги залом андозад.
Он замон вақти маи субҳфурӯғ аст, ки шаб
Гирди хиргоҳи уфуқ пардаи шом андозад.
Бода бо мӯҳтасиби шаҳр нанӯшӣ, зинҳор,
Бихӯрад бодаату санг ба ҷом андозад.
Ҳофизо, сар зи кулаҳгӯшаи хуршед барор,
Бахтат ар қуръа бад-ин моҳи тамом андозад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *