В-ин таманно бин, ки доим дар дили вайрони мост.
Мардуми чашмам ба хуноби ҷигар ғарқ аст аз он-к,
Чашмаи меҳри рухаш дар синаи нолони мост.
Оби ҳайвон қатрае з-он лаъли ҳамчун шаккараш,
Қурси хур аксе зи рӯи он маҳи тобони мост.
То нафаххат фия мин рӯҳӣ шунидам, шуд яқин,
Бар ман ин маънӣ, ки мо з-они ваю ӯ з-они мост.
Ҳар дилеро иттилое нест бар асрори ишқ,
Маҳрами ин сирри маънидори улвӣ ҷони мост.
Ҷанд гӯӣ: «Носеҳо, дар шарҳи дин хомӯш бош!»
Дини мо дар ҳар ду олам сӯҳбати ҷонони мост.
Ҳофизо, то рӯзи охир шукри ин неъмат гузор,
К-он санаи аз рӯзи аввал доруи дармони мост.