Кас Нест, Ки Афтодаи Он Зулфи Дуто Нест,

Кас нест, ки афтодаи он зулфи дуто нест,
Дар раҳгузаре нест, ки доме зи бало нест.
Чун чашми ту дил мебарад аз гӯшанишинон,
Дунболи ту будан гунаҳ аз ҷониби мо нест.
Рӯи ту магар оинаи лутфи илоҳист?
Ҳаққо, ки чунин асту дар ин рӯву риё нест.
Наргис талабад шеваи чашми ту, зиҳӣ чашм!
Мискин хабараш аз сару дар дида ҳаё нест.
Аз баҳри Худо, зулф маперой, ки моро,
Шаб нест, ки сад арбада бо боди сабо нест.
Боз ой, ки берӯи ту, эй шамъи дилафрӯз,
Дар базми ҳарифон асари нуру сафо нест.
Тимори ғарибон асари зикри ҷамил аст,
Ҷоно, магар ин қоида дар шаҳри шумо нест?
Дӣ мешуду гуфтам: «Санамо, аҳд ба ҷо ор!»
Гуфто: «Ғалате, хоҷа, дар ин аҳд вафо нест?»
Гар пири муғон муршиди ман шуд, чӣ тафовут?
Дар ҳеҷ саре нест, ки сирре зи Худо нест.
Ошиқ чӣ кунад, гар накашад бори маломат,
Бо ҳеҷ диловар сипари тири қазо нест.
Дар савмааи зоҳиду дар хилвати сӯфӣ,
Ҷуз гӯшаи абрӯи ту меҳроби дуо нест.
Эй чанг фурӯ бурда ба хуни дили Ҳофиз,
Фикрат магар аз ғайрати Қуръони Худо нест?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *