Ҳамчунон дар тамоми давру замон – Лоик Шерали

Ҳамчунон дар тамоми давру замон
Устоди сухан чи кампайдо
З-устодони туҳмату буҳтон
Зиндагонӣ пур аст, сад ҳайфо!

Бо ту хоҳам сафои хонаи чашм,
Оҳ аз чашм-чашми каҷбинон.
Бо ту хоҳам сухан кунам аз дил,
Дод аз дасти ин суханчинон.

Бо ту ҷои гурез ноёб аст,
Гарчи зебад ҳама ҷаҳон бо ту.
Оқибат дафтари ғазал дар даст
Мегурезам ба ҷовидон бо ту…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *