Дар хонаю дар шаҳр чӣ, дар даҳр нагунҷӣ
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки хуршед ба болои сари туст,
Танҳо зи барои ту чу дасти падари туст,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки дунё ба ту оғӯш кушояд,
Ҳар барг ба дидори ту садбарг намояд,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки бо оина якрӯ бинишинӣ,
Дар дидаи худ шуълаи яздонӣ бибинӣ,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки сар то қадамат оташу нур аст,
Он лаҳза, ки дар чашми ту ҳар санг булур аст,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки дар хеш ба биноии дигар
Дарёбӣ ба ногоҳ ту зебоии дигар,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза бифаҳмӣ, ки туро умр на бод аст,
Беҳуда туро модари бечора назодаст,
Дарёб, ки ишқ аст!
[1976]