Мани бехонаро боре бихон бар хонаи чашмат.
Нигоҳат мебарад чашми маро чун шуълаи хуршед,
Ҳама девонаи рӯят, манам девонаи чашмат.
Ҳама афсонаҳои мардумони даҳрро хондам,
Намеарзанд бар як ҷодуи афсонаи чашмат.
Агарчанде, ки аз ман дурию бегонагӣ хоҳӣ,
Маронам аз дари чашмат, макун бегонаи чашмат,
Бисоти умри ман ғорат шуд, аммо боз мехоҳам
Нигаҳҳои хуморолудаю дуздонаи чашмат…
[1982]