Аз дори мо бар хурдаву моро ба дор овехтанд.
Нахле насабзонидаву карданд моро решакан,
Бидрида тору пудамон, пайвандамон бигсехтанд.
Тозида бар паҳнои мо, рондандамон бар тангно,
Болида аз дарёи мо, дарёи хунҳо рехтанд.
Аз хоки мо нон хурдаву кардандамон бехонумон,
Бо хуни мо омехта, моро ба хун омехтанд.
Боре бидон, эй ҷони ман, бечора тоҷикон чаро
Бар кӯҳҳову дарраҳо ҷон рӯи каф бигрехтанд.
10.01.1995 – Бемористон