Об хурдам умрҳо аз косаи гирдобҳо, – Лоик Шерали

Об хурдам умрҳо аз косаи гирдобҳо,
Тоб хурдам солҳо дар дасти оҳантобҳо.
Ханда кардам рӯзҳо бар зиндагони бемазоқ,
Гиря кардам шомҳо бар мотами ноёбҳо.
Боб-боби дафтарамро ҳамчу боби хотирам
Ман навиштам бар алайҳи туҳмати нобобҳо.
Гарчи дидам ман ба чашми хеш аз наздику дур
Обро дузданд беш аз ташнагон шодобҳо,
Лек натвонанд оби рӯйро дуздид ҳеҷ
Бингаранд аз хилвате бо ҳайрату эъҷобҳо.
Бо вуҷуди ин ҳама кӯчондам андар шеъри худ
Манзари Анзобҳо, гулбодаи Варзобҳо.
Бо вуҷуди ин ҳама бо халқ будам ҳамнасиб,
Дар дилам хуршедҳо, дар дидаам маҳтобҳо…
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *