Бишкан Сабӯву Кӯза Ай Мири Оби Ҷонҳо – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бишкан сабӯву кӯза, ай мири оби ҷонҳо,
То во шавад чу коса дар пеши ту даҳонҳо!
Бар гӣчҳои мо зан, ай гичии хирадҳо,
То вораҳад ба гичӣ ин ақл з-имтиҳонҳо!
Ноқуси тан шикастӣ, номуси ақл бишкан,
Магзор, к-он музаввар пайдо кунад нишонҳо!
В-ар ҷодуйӣ намояд, бандад забони мардум,
Ту чун асои Мӯсо бикшо бар ӯ забонҳо!
Ошиқ хамӯш хуштар, дарё ба ҷӯш хуштар,
Чун ойинаст хуштар дар хомушӣ баёнҳо!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *