Дар Ойина Чун Бинам Нақши Ту Ба Гуфт Орам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дар ойина чун бинам нақши ту, ба гуфт орам,
Ойина нахоҳад дам, ай вой зи гуфторам!
Дар об туро бинам, дар об занам дасте,
Ҳам тира шавад обам, ҳам тира шавад корам!
Ай дӯст, миёни мо «ай дӯст!» намегунҷад,
Ай ёр агар гӯям «ай ёр!» намеёрам!
З-он роҳ, ки оҳ омад, то боз равад он раҳ,
Ман роҳи даҳон бастам, ман нола намеорам!
Гар нолаву оҳ омад, з-он пардаи моҳ омад,
Наззораи маҳ хуштар, ай моҳи даҳу чорам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *