Тез Давам Тез Давам То Ба Суворон Бирасам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Тез давам, тез давам, то ба суворон бирасам,
Нест шавам, нест шавам, то бари ҷонон бирасам!
Хуш шудаам, хуш шудаам, пораи оташ шудаам,
Хона бисӯзам, биравам, то ба биёбон бирасам!
Хок шавам, хок шавам, то зи ту сарсабз шавам,
Об шавам саҷдакунон, то ба гулистон бирасам!
Чунки фитодам зи фалак, заррасифат ларзонам,
Эману беларза шавам, чунки ба поён бирасам!
Чарх бувад ҷойи шараф, хок бувад ҷойи талаф,
Бозраҳам з-ин ду хатар, чун бари султон бирасам!
Олами ин хоку ҳаво гавҳари куфр асту фано,
Дар дили куфр омадаам, то ки ба ӣмон бирасам!
Он шаҳи мавзуни ҷаҳон ошиқи мавзун талабад,
Шуд рухи ман сиккаи зар, то ки ба мизон бирасад!
Раҳмати Ҳақ об бувад, ҷуз ки ба пастӣ наравад,
Хокиву марҳум шавам, то бари раҳмон бирасам!
Ҳеч табибе надиҳад бе маразе ҳаббу даво,
Ман ҳамагӣ дард шудам, то ки ба дармон бирасам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *